Дар ноҳияи Дӯстӣ чиниши пахта оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Нури Вахш»-и ноҳияи Дӯстӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҶСП «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» ҳамроҳ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд дод. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ медиҳад.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 568 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт намуданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ аст. Ба таъкиди кишоварзон, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон аз он ба ҳисоби миёна 33,4-сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуд. Ширкат то имрӯз дар 326 гектар замини пахтаро дефолятсия гузаронид, ки чунин корҳо минбаъд низ идома меёбанд.
Заҳматкашони ноҳияи Дӯстӣ имсол тибқи дурнамо нақша доранд, ки беш аз 18 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд, ки ба ҳар гектар аз 23,5 то 33,4-сентнерӣ рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми кишту парвариш ва чиниши пахта дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” зиёда аз 2000 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Раиси вилоят ба деҳқонон хирмани пурбор орзу намуда, ҳамзамон оид ба қабули саривақтии пахта, коркарди он ва истифодаи иқтидори истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди тазаккур аст, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






