Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд

Август 22, 2023 17:39

Ш.ШОҲИН, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби  шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 413 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки 230 нафарашон занон мебошанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳия Розиямо Набиева иттилоъ дод.

Дар ин давра  шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз рӯи самтҳои асосӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, таъйин ва пардохти кумакпулӣ барои давраи бекорӣ ва ҳифзи меҳнат фаъолияти  назаррас намудааст.

Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шашмоҳаи якум 624  шаҳрванд муроҷиат намуда, ба 482 нафар расман мақоми  бекорӣ дода шуд ва ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуданд. Онҳо марҳила ба марҳила бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ба ҳайси яке аз чорабиниҳои фаъоли мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад. То ин муддат аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 11 ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки дар онҳо 8 корхонаю муассиса иштирок ва ба корҷӯён 110 ҷойи кор пешниҳод намуданд.

Дар натиҷа 77 шаҳрванд бо ҷои кор таъмин шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 22, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд