Дар шаҳри Хуҷанд 12 қуттии хурди партов насб шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар се маҳаллаи шаҳри Хуҷанд 12 қуттии хурди партов насб гардид. Ин қуттиҳои хурди партов асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгир шуда, ба ҳифзи экологияи шаҳр мусоидат менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Иқдоми мазкур аз ҷониби хонандагони барномаи «Дастмузди хурди дастрасӣ»-и шаҳри Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ «Имдоди Ғайрат») амалӣ гардид. Хонандагон дар конфронси ҳарсолаи минтақавии USANT оид ба маърифати экологӣ иштирок намуда, барои лоиҳаи худ – «Хонандагони «Аксес» – зидди партов!» гранти хурде ба даст оварданд ва қуттиҳои партовро насб намуданд.
Муҳассилини барномаи мазкур тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ дар ҳифзи муҳити зист ва тозагии шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ободонию сабзазоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҷидду ҷаҳд намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






