Дар шаҳри Хуҷанд 12 қуттии хурди партов насб шуд

Август 24, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар се маҳаллаи шаҳри Хуҷанд 12 қуттии хурди партов насб гардид.  Ин қуттиҳои хурди партов асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгир шуда, ба ҳифзи экологияи шаҳр мусоидат менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Иқдоми мазкур аз ҷониби хонандагони барномаи «Дастмузди хурди дастрасӣ»-и шаҳри Хуҷанд Access Microscholarship Program (ТҶ «Имдоди Ғайрат»)  амалӣ гардид. Хонандагон дар конфронси ҳарсолаи минтақавии USANT оид ба маърифати экологӣ иштирок намуда, барои лоиҳаи худ – «Хонандагони «Аксес» – зидди партов!» гранти хурде ба даст оварданд ва қуттиҳои партовро насб намуданд.

Муҳассилини барномаи мазкур тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ дар ҳифзи муҳити зист ва тозагии шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ободонию сабзазоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҷидду ҷаҳд намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 24, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд