Дар шаш моҳ ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид

Август 5, 2023 09:55

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 612 (2022 — 5 830) истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмуъ 91 780 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад, —  изҳор дошт 4 август Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 19,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст. Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 399 (2022 — 441) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Нисбат ба 392 нафар (2022 — 184) қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ба шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст, ҳоло 823 нафар шахсони воқеӣ ва 33 нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид шудаанд. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 2600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 857 нафар қарздорон (2022 – 297) сарҳадҳои мамлакатро убур намуда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъйингардидаро ба андозаи 7,6 млн сомонӣ (2022 – 2,3 млн сомонӣ) пардохт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи кормандони Хадамоти иҷро бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва мавзуъҳои  ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд мулоқоту суҳбатҳо гузаронида шуда, дар саҳифаҳои ВАО мақолаҳои мавзуӣ чоп шуданд.

А. САНГЗОДА
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар» 

Август 5, 2023 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд