Дар шаш моҳ ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид

Август 5, 2023 09:55

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 612 (2022 — 5 830) истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмуъ 91 780 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад, изҳор дошт 4 август Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 19,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст. Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 399 (2022 — 441) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Нисбат ба 392 нафар (2022 — 184) қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ба шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот, ки бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст, ҳоло 823 нафар шахсони воқеӣ ва 33 нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид шудаанд. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 2600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 857 нафар қарздорон (2022 – 297) сарҳадҳои мамлакатро убур намуда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъйингардидаро ба андозаи 7,6 млн сомонӣ (2022 – 2,3 млн сомонӣ) пардохт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи кормандони Хадамоти иҷро бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва мавзуъҳои  ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд мулоқоту суҳбатҳо гузаронида шуда, дар саҳифаҳои ВАО мақолаҳои мавзуӣ чоп шуданд.

А. САНГЗОДА
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар» 

Август 5, 2023 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд