Дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 60 млн сомонӣ маблағи андозҳо ба таври ғайринақдӣ пардохт шудааст

Август 14, 2023 13:35

ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк», дар шаш моҳи соли 2023 тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёни электронии «Амонат мобайл» дар маҷмуъ қариб 214 ҳазор шаҳрванд ва андозсупоранда ба маблағи зиёда аз 60 млн сомонӣ андозҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода баён дошт.

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки «бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» барои тақвият бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз ҷониби Кумитаи андоз бо аксарияти бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявӣ созишномаҳо ҷиҳати ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба имзо расонида шуданд. Тавассути замимаҳои мобилии онҳо дар айни замон ба таври ғайринақдӣ қабул намудани пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет амалӣ шуда истодааст.

Дар филиалу шуъбаҳои Бонки амонатгузории «Амонатбонк» ПОС – терминалҳо насб шудаанд, ки тавассути таҷҳизоти мазкур шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз кортҳои бонкӣ маблағи андозҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намуда истодаанд.

Раъно Нусратулло,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ  «Ховар»

Август 14, 2023 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад