Дар Суғд таҳкими ҳамкорӣ бо ширкати «Азия групп компани»-и Русия баррасӣ шуд

Август 14, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд масъалаи таҳкими ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва​ ширкати «Азия групп компани» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

14 август роҳбарияти  вилояти Суғд бо роҳбари ширкати «Азия групп компани» ва мутахассисони варзида аз Федератсияи Русия доир ба масъалаи таҳкими ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва​ ширкати «Азия групп компани» мулоқот намуд.

Иброз гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ҳамкорӣ байни вилоятҳои ду мамлакат густариш ёфта, тарафҳо лоиҳаҳои муштаракро дар самтҳои мухталиф амалӣ намуда истодаанд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд​ дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо буда, саноати​ истихроҷ ва коркард рушд намудааст. Бо ҷалби сармоя метавон иқтидори мавҷударо истифода бурда, дар ин раванд тарҳҳои навро амалӣ сохт.

Тазаккур дода шуд, ки​ Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва ширкати «Азия групп компани» ҳамкориро амалӣ намуда, дар самти истеҳсолу коркарди​ ванадий (унсури кимиёвӣ) натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Бо дарназардошти ин дастур дода шуд, ки бо истифода аз имконият ҳаҷми истеҳсоли он зиёд  шавад.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Август 14, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд