Дар таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд ҳунармандони шаҳри Самарқанд низ саҳм мегузоранд

Август 8, 2023 12:20

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар  корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд беш аз 300 нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардидаанд. Ҳамзамон зиёда аз 30 нафар устову ҳунармандон аз шаҳри Самарқанд ба корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Роҳбарияти вилояти  Суғд бо корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд, ки бо ҷалби олимону бостоншиносон ҷараён дорад, шинос гардид.

Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд иншооти бузурги фарҳангӣ буда, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шуда, корҳо бо суръат идома доранд.

Роҳбарияти вилоят зимни шиносоӣ аз тақвият ёфтани ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Тоҷикистон ва Узбекистон ёдовар шуда, ба масъулин барои идомаи корҳои сохтмонӣ тавсияҳо доданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

 

Август 8, 2023 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид