Дар «Тоҷикфилм» Маркази такмили ихтисос, тарҷума ва дубляж таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маркази такмили ихтисос, тарҷума ва дубляж таъсис дода шуд. Дар ин хусус 3 август зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод.
Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки таъсиси Маркази такмили ихтисос, тарҷума ва дубляж дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ ва заминаи техникӣ ба филмбардорон, баланд бардоштани касбияти онҳо ва дар маҷмуъ рушди кинои миллӣ мусоидат менамояд.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ин муассисаи давлатӣ дар соли равон таъкид шуд, ки «Тоҷикфилм» сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муаррифӣ намуда, тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар самти рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо таҳияи филмҳои мустанади таърихию бадеӣ дар густариши кинои миллӣ нақши муассир гузоштааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






