Дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Август 26, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 26.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  имрӯз дар мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. 27-28 август дар ҷумҳурӣ якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, борон ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентӣ хабар медиҳад.

27 август  дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  28 август шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ борони бошиддат ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шимол бо суръати 4-9 метр дар як сония ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти  шимол бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона аз 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шимол бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Август 26, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст