Дар Варзоб сарбозони қисмҳои низомӣ ба сокинон дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ кумак расониданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, сарбозон аз қисмҳои низомӣ ва сокинони маҳаллӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудан оқибатҳои офати табиӣ дар мавзеъҳои селзадаи ноҳия сафарбар гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.
Дар ноҳия баҳри дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони тамоми ташкилоту идораҳои дахлдор шомил гардиданд. Тамоми техникаи зарурӣ баҳри тоза намудани роҳу кўчаҳои селзада аз гил равона шудааст.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар мавзеъҳои дигари ҳудуди ноҳия таҳти роҳбарии раиси Ситод, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки 27 август, тахминан соати 14:40 дар натиҷаи бориши шадид дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сел ба амал омад. Бо кумаки таҷҳизоти муҳандисии хадамоти роҳдории IRS қитъаи роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд.
Инчунин дар километри 21-ум ва дар ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷалб гардида, роҳи деҳаи Буваки Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ аз гил тоза шуд.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб













Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






