Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода хабар дод.
Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди содиротӣ тавассути мусоидат ба тиҷорат, талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрии рушди содирот дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бунёд намудани марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда ба пешрафти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
«Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот, маркетинг ва логистика аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла, баҳри таъсиси мактаби содирот корҳои ташкилӣ оғоз ёфта, дар ин самт татбиқи тадбирҳои зарурӣ идома дорад»,-афзуд Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






