Дар вилояти Суғд дурнамои ҳамкорӣ бо ширкати «Тринити Прокюремент ДММС» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 август зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти Суғд бо роҳбари Шурои директорони ширкати «Тринити Прокюремент ДММС» аз таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, ки шарикони стратегӣ мебошанд, изҳори хушнудӣ шуда, ҳамзамон ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ омодагии худро иброз доштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Таъкид шуд, ки тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, аз ҷумла Свердловск, Иркутск, Олтой, Красноярск, Москва равобити хуби дӯстона дорад, ки ин самараи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мебошад.
Маълумот дода шуд, ки вилояти Суғд дорои 18 шаҳру ноҳия буда, дар вилоят соҳаи саноат рушд намудааст. Мавҷудияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ омили рушди соҳа буда, саноати кӯҳӣ-металлургӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, истеҳсолу коркарди нӯшокиҳо, меваву сабзавот васеъ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи соҳибкори русро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар самти истеҳсоли либосҳои пахтагин, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, консерва, обҳои нӯшокӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ, бунёди меҳмонхонаҳои муосир, маҷмааи солимгардониву истироҳатӣ, азхудкунии заминҳою бунёди боғҳои интенсивӣ ва содироти мева аз мамлакат ҷалб намуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак омодагии соҳибкорони тоҷикро изҳор намуд.
Соҳибкори рус ҳадафи сафарашро омӯзиши вазъи иқтисодиёти вилоят ва шиносоӣ бо захираву имконияти мавҷуда арзёбӣ намуда, гуфт, ки сармоягузорони рус барои ташкили корхонаҳо, маҷмааҳои солимгардониву истироҳатӣ ва сайёҳӣ, харидории маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд мебошанд.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ва ироаи таклифу пешниҳод ба охир расид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид






