Дар вилояти Суғд дурнамои ҳамкорӣ бо ширкати «Тринити Прокюремент ДММС» баррасӣ шуд

Август 19, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 август зимни мулоқоти роҳбарияти вилояти  Суғд бо роҳбари Шурои директорони ширкати «Тринити Прокюремент ДММС»  аз таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, ки шарикони стратегӣ мебошанд,​ изҳори хушнудӣ  шуда, ҳамзамон ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ омодагии худро иброз доштанд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Таъкид шуд, ки тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, аз ҷумла Свердловск, Иркутск, Олтой, Красноярск, Москва равобити хуби дӯстона дорад, ки ин самараи сиёсати​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мебошад.

Маълумот дода шуд, ки вилояти Суғд дорои 18 шаҳру ноҳия буда, дар вилоят соҳаи саноат рушд намудааст. Мавҷудияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ омили рушди соҳа буда, саноати кӯҳӣ-металлургӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, истеҳсолу коркарди нӯшокиҳо, меваву сабзавот васеъ ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят таваҷҷуҳи соҳибкори русро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар самти истеҳсоли либосҳои пахтагин, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, консерва, обҳои нӯшокӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ,​ бунёди меҳмонхонаҳои муосир, маҷмааи солимгардониву истироҳатӣ, азхудкунии заминҳою бунёди боғҳои интенсивӣ ва содироти мева аз мамлакат ҷалб намуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак омодагии соҳибкорони тоҷикро изҳор намуд.

Соҳибкори рус ҳадафи сафарашро омӯзиши вазъи иқтисодиёти вилоят​ ва шиносоӣ бо захираву имконияти мавҷуда арзёбӣ намуда, гуфт, ки сармоягузорони рус барои ташкили корхонаҳо, маҷмааҳои солимгардониву истироҳатӣ ва​ сайёҳӣ, харидории маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасманд мебошанд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ва ироаи таклифу пешниҳод ба охир расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 19, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст