Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷои чорумро ишғол намудааст
ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, мақоми чоруми устуворро ишғол намуд, иброз дошт 4 август зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода.
Ректор афзуд, барои донишгоҳ дастоварди муҳим он аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар баробари ин, дар донишгоҳ имсол чор озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ- Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Беҳтарин барномасоз» ва олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле баланд доир гардида, донишҷӯён сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Соли таҳсили 2022-2023-ро зиёда аз 90 нафар донишҷӯёни донишгоҳ бо дипломи аъло хатм намуда, барои кор ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ равона гардиданд.
Ҳоло дар донишгоҳ ду лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад. Дар заминаи он барномаҳои таълимӣ омода шуда, моҳҳои наздик мубодилаи таҷрибаи омӯзгорон ба донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Литва дар назар аст.
АКС:АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






