«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Иштирокдорони даври вилоятии озмун дар Истаравшан сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ шуданд

Август 22, 2023 13:23

СУҒД, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок намуда, сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдуло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Мояи хушнудиии сокинони шаҳри бостонии Истаравшан аст, ки дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» идома дорад,  хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок намуда, сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 1 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм ва 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Ба ин тартиб аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 Манижа Фозилова ҷойи дуюм ва хонандаи МТМУ №20 Амира  Бобоева ҷойи сеюмро касб намуданд.

Аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик омӯзгори гимназияи №5  Ҳаитбой Шарипов сазовори ҷойи аввал, хонандаи литсейи №1 Оиша Алимова ҷойи дуюм, хонандаи гимназияи №1 Ҳадиса Раҳимова ва хонандаи гимназияи №5 Шараф Исмоилов ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик омӯзгори литсейи №1 Абдуворис Абдуҷабборов ва хонандаи МТМУ №1 Дурдона Юсупова лоиқи ҷойи дуюм дониста шуданд. Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон омӯзгори литсейи №1 Толиб Ахунов  соҳиби ҷойи сеюм ва дар номинатсияи эҷоди назм омӯзгори МТМУ №13 Шаҳбози Шавкат ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ҳамзамон хонандаи МТМУ №13 Марям Қодирова, хонандаи МТМУ №47 Судоба Раҳимова, хонандаи гимназияи №5 Фараҳноз Ҷуразода, донишҷӯи коллеҷи тиббӣ Гулсанам Аҳсанзода ва омӯзгори МТМУ №28 Қурбон Соиб сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моҳи феврали соли 2023 ба тасвиб расида, ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат мебошад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Август 22, 2023 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд