ФУТБОЛ. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2023 бори сеюм ғолиб гардид

Август 26, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, сеюмин пирӯзиро ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври чорум наврасони мо бар ҳамсолони худ аз Узбекистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб оманданд. Қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаҳои Афғонистон (3:1) ва Қирғизистон (4:1)-ро мағлуб намуд.

Дар даври ниҳоии чемпионати CAFA-2023 рӯзи 27-уми август тими наврасони Тоҷикистон бо дастаи Эрон бозӣ менамояд. Ин бозӣ  соати 21:00 оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 26, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад