Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Ҳисор шинос шуд

Август 30, 2023 11:31

ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 август гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии  муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор шинос гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ  бо сокинони маҳаллӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки 27 авгуcт бар асари боронҳои пай дар пай  ва шадид ба хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои шаҳри Ҳисор хисороти ҷиддии иқтисодӣ расид.

Тавре қаблан хабар додем, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон  Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута шомил мебошанд.

Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода- ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакию Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд.

        

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 30, 2023 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид