Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Ҳисор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 август гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо мавзеъҳои селзадаи шаҳри Ҳисор шинос гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони маҳаллӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки 27 авгуcт бар асари боронҳои пай дар пай ва шадид ба хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии деҳаҳои шаҳри Ҳисор хисороти ҷиддии иқтисодӣ расид.
Тавре қаблан хабар додем, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 28 август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута шомил мебошанд.
Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода- ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакию Варзоб рафта, зарари хисороти расидаро муайян менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор


















Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид






