Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 10-11 август дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Дарвоз сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест. Имрӯз дар мамлакат ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентӣ хабар медиҳад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо 19+21 дарҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона аз 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






