Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Вазорати молия нишасти матбуотӣ соати 09:00 доир мешавад.
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Дар Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 гузаронида мешавад.
Дар Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 10:30 доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 26 июл оғоз шуда, 15 август ҷамъбаст мегарданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






