Қисматҳои мухталифи Туркияро сӯхтори ҷангал фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми чанд рӯзи охир дар минтақаҳои дашту ҷангали якчанд музофоти Туркия бо сӯхтори бузург муборизаи фаъолона бурда истодаанд. То имрӯз майдони умумии сӯхтор беш аз 1500 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти Идораи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати Туркия, шумораи зиёди одамон ва таҷҳизоти махсус дар минтақаи офатҳои табиӣ барои хомӯшкунии сӯхтор амал менамоянд. Дар музофоти Чанаккале 68 мошини обкаш ва техникаи сершумори зидди сӯхтор мубориза мебаранд. Инчунин 10 ҳавопаймо ва 26 чархбол ба ин кор ҷалб гардидаанд. Бо вуҷуди ин, аз сабаби дуди ғафс ва бад будани биниш дар минтақа кори ҳавопаймоҳои сӯхторнишон мушкил гардидааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






