Қисматҳои мухталифи Туркияро сӯхтори ҷангал фаро гирифтааст

Август 24, 2023 16:04

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми чанд рӯзи охир дар минтақаҳои дашту ҷангали якчанд музофоти Туркия бо сӯхтори бузург муборизаи фаъолона бурда истодаанд. То имрӯз майдони умумии сӯхтор беш аз 1500 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар додааст.

Мувофиқи маълумоти Идораи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати Туркия, шумораи зиёди одамон ва таҷҳизоти махсус дар минтақаи офатҳои табиӣ барои хомӯшкунии  сӯхтор амал менамоянд. Дар музофоти Чанаккале 68 мошини обкаш ва техникаи сершумори зидди сӯхтор мубориза мебаранд. Инчунин 10 ҳавопаймо ва 26 чархбол ба ин кор ҷалб гардидаанд. Бо вуҷуди ин, аз сабаби дуди ғафс ва бад будани биниш дар минтақа кори ҳавопаймоҳои сӯхторнишон мушкил гардидааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз 

 

Август 24, 2023 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад