Корхонаи «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» таҷдид ва бо техникаву таҷҳизот таъмин мегардад

Август 20, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Роҳбарияти вилояти Суғд бо  фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии (КВДК) «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», ҳолати нигоҳдории техникаву таҷҳизот ва раванди корҳои созандагӣ дар ҳудуди корхона шинос шуданд.  . Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти  Суғд хабар медиҳад.

Таъкид шуд, ки аз фаъолияти бонизоми корхонаи мазкур тозагии шаҳр ва саломатии сокинон вобаста аст. Бояд кормандон ҳамарӯза ҷиҳати сари вақт гирифтани партов аз ҳудуди шаҳр фаъолнокӣ зоҳир намоянд ва дар самти тозагии шаҳр ва ороста намудани кӯчаву хиёбонҳо масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд.

Бояд гуфт, ки баҳри рушди корхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» таҷдиди корхона ва харидории техникаву таҷҳизот амалӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ягона муассисаи коммуналии шаҳр мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад.

Корхона реҷаи кори худро дар се баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 117 нафар фаъолият дошта, 14 нақлиёти партовкашон ҳамарӯза дар се  баст фаъолияти пурсамар доранд ва партовҳоро сари вақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 20, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд