Корхонаи «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» таҷдид ва бо техникаву таҷҳизот таъмин мегардад
ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти вилояти Суғд бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии (КВДК) «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», ҳолати нигоҳдории техникаву таҷҳизот ва раванди корҳои созандагӣ дар ҳудуди корхона шинос шуданд. . Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Таъкид шуд, ки аз фаъолияти бонизоми корхонаи мазкур тозагии шаҳр ва саломатии сокинон вобаста аст. Бояд кормандон ҳамарӯза ҷиҳати сари вақт гирифтани партов аз ҳудуди шаҳр фаъолнокӣ зоҳир намоянд ва дар самти тозагии шаҳр ва ороста намудани кӯчаву хиёбонҳо масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд.
Бояд гуфт, ки баҳри рушди корхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» таҷдиди корхона ва харидории техникаву таҷҳизот амалӣ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ягона муассисаи коммуналии шаҳр мебошад, ки барои бардоштан, кашонидан ва гӯронидани партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад.
Корхона реҷаи кори худро дар се баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 117 нафар фаъолият дошта, 14 нақлиёти партовкашон ҳамарӯза дар се баст фаъолияти пурсамар доранд ва партовҳоро сари вақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад






