Кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор намуданд

Август 4, 2023 14:31

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлат гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Сафаралӣ Қурбонзода баён дошт.

Сафаралӣ Қурбонзода гуфт, ки дар бозори берунӣ ва дохилии ҷумҳурӣ мониторинги номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамоянд. Аксаран номгӯи мазкур ё ин ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи мамлакат ворид мешавад, ки ба болоравии нархи он дар бозори ҷумҳурӣ оварда мерасонад.

Дар ин давра аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ 45 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 12 муассисаи тиббӣ, 33 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба мувофиқа расонида шуданд.

Инчунин бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳои мазкур, аз ҷумла истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2023 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид