КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Ширкати сохтмони роҳи оҳани Чин тақвият медиҳад

Август 3, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ байни  Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва  Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо муовини директори генералии Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Тао дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот мусоҳибон масъалаи иштирок ва сармоягузории Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар лоиҳаҳои сохтмонии Роҳи оҳани Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи хабари манбаъ, ҳар ду ҷониб барои идомаи самарабахши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи нақлиёти роҳи оҳан изҳори омодагӣ намуданд.

                                                        АКС:  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон

Август 3, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд