Лоиҳаи нав: тавассути он хонандагон дар дарсҳо аз планшет ва воситаҳои техникӣ самаранок истифода мебаранд

Август 2, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳае омода намудааст, ки тибқи он хонандагон дар дарсҳо аз планшет ва дигар воситаҳои техникӣ самаранок истифода мебаранд. Ин матлаб 1 август зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар ин вазорат  баён гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар доираи амалишавии ин лоиҳа зарурати ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пеш меояд. Тибқи тағйирот ба қонун, хонандагон имкон пайдо менамоянд, ки ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд.

Иқдоми мазкур дар асоси таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ амалӣ  шуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки барои дарёфти мавзуи  зарурӣ ҳар лаҳза аз дилхоҳ техника истифода намоянд.

«Дар ин замина шуруъ аз соли гузашта тамоми китобҳои дарсие, ки барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 пешбинӣ шудаанд, ба таври электронӣ дар сомонаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд ва хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд», -гуфт Раҳим Саидзода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 2, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд