Маркази омӯзиши пиряхҳо соҳиби ду стансияи инноватсионии муосир барои омӯзиши пиряхҳо гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз шарикони рушди швейтсариягӣ ду стансияи инноватсионии муосир — Campbell Science CR1000X ва Campbell Science CR6-ро, ки барои омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос доранд, дастрас намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар медиҳад.
Стансияҳои мазкур ба Маркази омӯзиши пиряхҳо бо мақсади насб намудан дар назди пиряхи № 457 ва дар худи пиряхи Зулмарт дастрас гардид.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини стансияҳои нав- ин ба таври амиқ омӯхтани нишондиҳандаҳои асосии пиряхҳои Тоҷикистон ва гирифтани маълумоти боз ҳам муфассал ва дақиқ доир ба ҳолати ҳозира, инчунин пешгӯӣ намудани ҳолати ояндаи онҳо ва дар умум таҳқиқи захираҳои оби ҷумҳурӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.
Вазифаи стансияи якум- Campbell scientific CR1000X, ки дар пиряхи № 457 насб хоҳад шуд, чен кардани ҳарорат, намӣ, шамол, тамоми ҷузъҳои радиатсияи офтобӣ, мавҷҳои дароз ва кӯтоҳи воридот ва баромад, инчунин чен кардани баландии барф мебошад
Вазифаи стансияи дуюм – Campbell scientific CR6, ки дар пиряхи Зулмарт насб хоҳад шуд, чен намудани дараҷаи бухоршавии худи пирях мебошад.
Дастрас намудани стансияҳои муосир ибтидои фароҳам овардани имконияти нави таҳқиқ ва омӯзиши минбаъдаи пиряхҳои Тоҷикистон дар сатҳи олӣ мебошад. Марҳилаи навбатӣ пас аз қабули стансияҳо- ин насб намудани онҳо дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои СММ пазируфта шуд.
АКС: МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳо»








ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши рӯзномаи об дар равандҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон ва Бурунди баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҷаласаи мавзуии «Об барои сайёра» баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаи мавзуии «Об барои шукуфоӣ» баргузор гардид
Қоҳир Расулзода бо Вазири федералии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии муҳити зисти Покистон Мусаддиқ Масъуд Малик мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сатҳи баланд дар мавзуи «Об барои инсонҳо» ҷаласаи канорӣ баргузор шуд
Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбана мулоқот намуд
Идомаи Конфронси байналмилалии Душанбе: таваҷҷуҳ ба масъалаҳои об ва иқлим
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 дастрасии ҳадди ақалл 90 фоизи аҳолиро ба оби мутамарказ таъмин намояд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»






