МАРОТИБАИ АВВАЛ ДАР ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ гардид

Август 3, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Забони тоҷикӣ, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад, бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад. Мутахассисони барномасози Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи Барномаи танзими Mozilla Firefox заҳмат кашида, ниҳоят ба комёбӣ муваффақ шуданд», -гуфт Раиси Кумита.

Гуфта шуд, ки фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, мувофиқ ва осон буда, барои рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек ба шумор меравад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 3, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст