Муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ТУРСУНЗОДА, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Турсунзода 128 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 70 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи типи нав, 1 литсей-интернат, 35 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 16 муассисаи таҳсилои ибтидоӣ мебошад. Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Турсунзода 69 ҳазору 246 нафарро ташкил медиҳад, ки дар 3073 синф таҳсил менамоянд. Дар соли нави таҳсил ба муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 6000 нафар кӯдакон ба синфи якум қабул шуданд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба соли нави таҳсил омода мебошанд. Маблағи умумии таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби кумитаи волидайни хонандагон ва соҳибкорони маҳаллӣ 1 миллиону 420 ҳазору 925 сомониро ташкил медиҳад.
Директори муассисаи таълимии №96-и шаҳри Турсунзода Дилрабо Муъминова иброз дошт, ки «мактаби мо соли 1957-ум сохта шуда, дорои 17 синфхона мебошад. Шумораи хонандагони мактаб 800 нафарро ташкил медиҳад ва дар соли нави таҳсил дар 4 синф кӯдаконро ба синфи як қабул намудем. Хушбахтона, бо дастгирии кумитаи падару модарон ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ синфхонаҳои мактабро таъмири ҷорӣ намудем. Ҳамчунин китобхона ва толори китобхонии хонандагон ташкил шуд, ки мактаббачагон метавонанд аз он ба таври фаровон истифода баранд».
Директори муассисаи таълимии №98-и шаҳри Турсунзода Санавбар Маҷидова гуфт, ки «мактаби мо ба соли нави таҳсил пурра омода аст. Бо дастгирии соҳибкорону кумитаи волидайни хонандагон ба маблағи зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ 48 синфхонаи муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар мактаби мо 2600 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад ва дар соли нави таҳсил дар 9 гурӯҳ хонандагон ба синфи якум қабул шудаанд».
Мавриди тазаккур аст, ки соҳаи маориф дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорону сокинони шаҳр рӯ ба тараққӣ ниҳода, барои таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам гардидааст.
Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо падару модарони хонандагон низ нисбат ба таҳсили фарзандонашон бетаваҷҷуҳ набуда, барои дар беҳтарин шароит таҳсил намудани онҳо дар корҳои ободонии мактабҳо саҳми арзанда мегузоранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд






