Муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба соли нави таҳсил омода мебошанд

Август 30, 2023 10:39

ТУРСУНЗОДА, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Турсунзода 128 муассисаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 70 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи типи нав, 1 литсей-интернат, 35 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва  16 муассисаи таҳсилои ибтидоӣ  мебошад.  Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Турсунзода 69 ҳазору 246 нафарро ташкил медиҳад, ки дар 3073 синф таҳсил менамоянд. Дар соли нави таҳсил ба муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 6000 нафар кӯдакон ба синфи якум қабул шуданд.

Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба соли нави таҳсил омода мебошанд. Маблағи умумии таъмири ҷории  муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби кумитаи волидайни хонандагон  ва соҳибкорони маҳаллӣ 1 миллиону 420 ҳазору 925 сомониро ташкил медиҳад.

Директори муассисаи таълимии №96-и шаҳри Турсунзода Дилрабо Муъминова иброз дошт, ки «мактаби мо соли 1957-ум сохта шуда,  дорои 17 синфхона мебошад.  Шумораи хонандагони мактаб 800 нафарро ташкил медиҳад ва дар соли нави таҳсил дар 4 синф кӯдаконро ба синфи як қабул намудем. Хушбахтона, бо дастгирии кумитаи падару модарон ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ  синфхонаҳои мактабро таъмири ҷорӣ намудем. Ҳамчунин китобхона ва толори китобхонии хонандагон ташкил шуд, ки мактаббачагон метавонанд аз он ба таври фаровон истифода баранд».

Директори муассисаи таълимии №98-и шаҳри Турсунзода Санавбар Маҷидова  гуфт, ки «мактаби мо ба соли нави таҳсил пурра омода аст. Бо дастгирии соҳибкорону кумитаи волидайни хонандагон ба маблағи зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ 48 синфхонаи муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.  Дар мактаби мо 2600 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад ва дар соли нави таҳсил дар 9 гурӯҳ хонандагон ба синфи якум қабул шудаанд».

Мавриди тазаккур аст, ки соҳаи маориф дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва соҳибкорону сокинони шаҳр рӯ ба тараққӣ ниҳода, барои таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам гардидааст.

Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо падару модарони хонандагон низ нисбат ба таҳсили фарзандонашон бетаваҷҷуҳ набуда, барои дар беҳтарин шароит таҳсил намудани онҳо  дар корҳои ободонии мактабҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд