Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар чорабиниҳои тантанавӣ ва кории Бозиҳои II кишварҳои ИДМ иштирок намуд

Август 8, 2023 09:17

ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-7 август ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён дар чорабиниҳои тантанавӣ ва ифтитоҳии  Бозиҳои II варзишии  кишварҳои ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, муовини Сарвазири мамлакат  Матлубахон Сатториён дар маросими ботантанаи ифтитоҳи  Бозиҳои II варзишии кишварҳои  ИДМ  иштирок намуд. Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ, ки дар 10 шаҳри Беларус баргузор мешавад, меҳмонон ва варзишгарони  зиёда аз 20 давлати ҷаҳон  иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни сафар ба Ҷумҳурии Беларус муовини Сарвазири Тоҷикистон ба  Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Беларус ташриф оварда, бо фаъолияти  кумитаи тадорукоту ҳамоҳангсозӣ ва маркази матбуотии  Бозиҳои II варзишии кишварҳои ИДМ шинос гардид.

Пас аз шиносоӣ бо равандҳои ташкилии мусобиқаи варзишӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко мулоқот намуд. Муовини Сарвазири Беларус ба ҷониби Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои II варзишии кишварҳои  ИДМ, ки дар 14 намуди варзиш дар ҳайати беш аз 150 варзишгар рақобат мекунанд, изҳори сипос намуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларусро баррасӣ карда, аҳаммияти фаъолсозии шарикии стратегии дуҷонибаро таъкид намуданд.

Гузашта аз ин ҳайати Тоҷикистон дар доираи барномаи сафар бо Вазири варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Сергей Ковалчук мулоқот намуда, ҳамчунин бо Маҷмааи ёдгории давлатии «Хатынь» шинос шуда, ба пояи муҷассамаи «Одами шикастнопазир» («Непокоренный человек») гулдаста гузоштанд.

Дар фарҷоми сафар Матлубахон Сатториён таассуроти худро дар бораи сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии Ҷумҳурии Беларус ба Бозиҳои II варзишии  кишварҳои ИДМ ба воситаҳои ахбори омма  изҳор намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 8, 2023 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд