Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Ҳисор бо ҷараёни баргузории даври минтақавии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд

Август 16, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар китобхонаи марказии шаҳр бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, шинос шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки муовини Сарвазир дар толорҳое, ки озмун мегузарад, бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни он суҳбат ороста, ҳакамони озмунро ба шаффофу одилона баҳо гузоштан ба донишу малакаи довталабони озмун ҳидоят намуд.

Озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат ҳамасола баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки даври сеюм- минтақавии озмун дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор оғоз гардид. Дар он нафароне, ки аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар даврҳои якуму дуюм ғолиб дониста, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок менамоянд.

Довталабони озмун аз рӯйи шаш номинатсия- адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди наср донишу малака месанҷанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои дар сатҳи баланди ташкиливу маънавӣ баргузор гардидани озмун шароиту имконияти зарурӣ фароҳам овардааст.

      АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Август 16, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст