НАФАҚА БАРОИ ФАВТИДАГОН? Соли 2023 чор ҳолати бозпас гирифтани нафақаи фавтидагон ошкор гардид

Август 4, 2023 14:54

ДУШАНБЕ, 04.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи соли равон аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҳолати гирифтани нафақаи фавтидагон аз ҷониби наздикони онҳо ошкор гардид. Дар ин хусус директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилмурод Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи директори агентӣ, ҳолатҳои мазкур бинобар сабаби нофаҳмии наздикон ба миён омада, ҳангоми гузаронидани санҷиш нафақаи онҳо бозпас гардонида шудааст.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2023 теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба 768 ҳазору 976 расида, талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 261,2 миллион сомониро ташкил намуд. Ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн сомонӣ зиёд аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2023 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд