НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Дар Хоруғ ба сокинон маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешкаш гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал 6 август дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Чунин иқдом дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гирифта шуд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонон маҳсулоти ғизоӣ, ба монанди гӯшт, картошка, сабзӣ, карам, пиёз, биринҷ ва макарон бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуд.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуда, дар он кишоварзони ноҳияҳои вилоят маводи ғизоиро пешниҳоди аҳолӣ гардониданд.
Роҳбарияти вилоят ба масъулин ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва таъмини мунтазами фаровонии бозор супоришҳои иловагӣ дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ










АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






