НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Деҳқонону ҳунармандони ноҳияи Носири Хусрав дастранҷи хешро манзури сокинони пойтахт гардониданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони ҳунарманду заҳматкаши ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он сокинону меҳмонони пойтахт бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумии ин ноҳия ва ҳамчунин намунаи таомҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои ин минтақа шинос шуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин намоиш-фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ноҳия ташкил шуд.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Носири Хусрав пешниҳоди хонандагон мегардад.
Тоҳири САИД
АКС: АМИТ «Ховар»




























Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






