Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ бо роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 август дар шаҳри Москва бо роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби тоҷикони муқими Русия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.
Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳоҷират, бахусус корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ, забономӯзӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ сухан гуфта шуд.
Ҳамчунин зимни ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои аз ҷониби аъзои Шурои ҷамъиятӣ анҷомдода шунида шуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Тоҷикистон дар Русия аз тоҷикони муқими ин кишвар баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал оварданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад






