Натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Август 23, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 август сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 20-уми августи соли 2023 оғоз гардида буд, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, суҳбату   вохӯриҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи, Муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн, аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн, Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн, Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтсзян муҳтарам И Лянхун ва Раиси шаҳри Ханҷоу муҳтарам Яо Гаоюан доир гардид.


Дар доираи нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз як қатор корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, минтақаҳои технологию инноватсионӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Пекин ва Ханҷоу боздид ба амал оварданд.

Таъкид кардан ба маврид  аст, ки дар чаҳорчўби сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин, дар ҳудуди Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин нимпайкараи сардафтари адабиёти классики форсии тоҷик, Одамушшуаро Абуабдулоҳ Рўдакӣ ифтитоҳ гардид, ки дар саҳифаҳои таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва барои олами забони бепаҳнои форсии тоҷикӣ рўйдоди фараҳбахш ба ҳисоб меравад.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари бобарори расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷмўъ 11 санади нав оид ба  ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, ёддоштҳои тафоҳум ва номаҳои табодулӣ ба имзо расид, ки ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва инфрасохтори пойтахт, таъсиси ҷойҳои кории нав ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дўстонаи байни Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳанд кард.

Дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳо ба имзо расид, аз ҷумла:

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум оид ба дўстӣ ва ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати мардумии шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— лоиҳаи номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми 2 миллион доллари ИМА барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— лоиҳаи номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе;

— лоиҳаи номаи табодулӣ дар бораи сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуѓнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу»;

— санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон, ҳамчун кумак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин дар ҳошияи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин як қатор санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон ба имзо расонида шуд:

— Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»;

— Созишномаи қолабӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё Кемикал»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид бо иқтидори 300 ҳазор дар як сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол;

— Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ байни ду давлати дўст дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар аснои ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиати ҷонибҳо ба роҳ монда шуда, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бузургу миёна заминаи муносибатҳои сатҳи олӣ гардидааст.

Санадҳои баимзорасида бо мақсади густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои кимиё, мошинсозӣ, марказҳои логистикӣ ва ғайра аз рўи талаботи бозори имрўзаи ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имконоти дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди амал қарор мегиранд.

Дар маҷмўъ, барои татбиқи ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалби зиёда аз 880 миллион доллари америкоӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Август 23, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Пагоҳ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як зумра лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
27 декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд