НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорат дар соҳаи маориф 493 муассисаи таълимиро аз санҷиши сифати таҳсил гузаронид
ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани сифати дониш ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 493 муассисаи таълимӣ санҷиши сифати таҳсил гузаронид. Дар ин хусус директори агентӣ Маҳмадтоир Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи директори агентӣ, аз натиҷаи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва санҷишҳои сатҳи сифати таҳсил бармеояд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ дар самти таъмини асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва адабиёти таълимӣ сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён нишондиҳандаҳои мусбат ба мушоҳида мерасанд.
Гузаронидани аттестатсия, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимӣ, дар баробари ин муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ, ошкор сохтани камбудиҳо ва нишон додани роҳҳои ҳалли онҳо яке аз вазифаҳои муҳиму асосии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм маҳсуб мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра масъулини раёсату шуъбаҳои Агентӣ 575 аттестатсияи давлатӣ, 268 аккредитатсияи давлатӣ, 2 азнавбарасмиятдарорӣ ва 41 иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расониданд.
«Дар натиҷа 68 муассисаи таълимӣ ба муҳлати 2 сол шартан аз аттестатсия гузаронида шуда, амали иҷозатномаи 4 муассиса дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ боздошт ва қатъ шуд», -иброз дошт директори агентӣ.
Ба гуфтаи Маҳмадтоир Саидзода, натиҷаи санҷиш нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам дар баъзе муассисаҳои таълимӣ дар баробари муваффақияту дастовард якчанд камбудиҳо, аз қабили мустаҳкам набудани заминаи моддию техникӣ, таъмин набудани муассисаҳои таълимашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ҷой доранд, ки агентӣ баҳри аз байн бурдани ин норасоиҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






