НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Анбору сардхонаҳои Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот то оғози захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмиру омода мешаванд

Август 3, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» қарор ва нақшаи Раёсат қабул гардида, ҳамаи анбору сардхонаҳо то оғози захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмир ва омода  карда мешаванд ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин магарданд. Дар ин хусус имрӯз муовини Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41 анбор дар масоҳати 38041 метри мураббаъ ва 3 сардхона барои нигаҳдории 2100 тонна маҳсулот фаъолият менамоянд.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки ҳадафи аслии захира кардани маҳсулоти ғизоӣ қонеъ кардани талаботи мардум ва танзими нархҳо дар бозор аст.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон даромади умумӣ ба  48,0  миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳаҷми 613 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети мамлакат аз ҳамаи намуди манбаъҳо ба маблағи 16,0  млн  сомонӣ андоз пардохт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 11,0 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҳама намудҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли равон 7,2 млн сомонӣ фоидаи тавозунӣ ба даст оварда шуд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 3, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд