НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 158 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад

Август 15, 2023 10:19

ВАРЗОБ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Ҷиҳати  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Варзоб сохтмони 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 39 иншооти гуногуни ҷашнӣ бо шумораи 73 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар  29 иншооти дигар идома доранд. Дар ин хусус 14 август зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои Хусрав Дамонзода,  имрӯзҳо корҳои сохтмони бинои  иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Шаршара, Қулписта ва  Суғдиёни Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, бинои муассисаҳои таълимии деҳаи Фанфароқ ва Дашти Ринҷонии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа  ва дар маҷмуъ сохтмони 50 синфхонаи иловагӣ  дар ноҳияи Варзоб идома доранд, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар ноҳияи Варзоб дар бахши  сайёҳӣ 1000 минтақаи истироҳатӣ  сабт шудааст. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва  Комплекси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад, ки дар онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам фаъолият доранд.

Мувофиқи  маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи аввали соли 2023  31 ҳазору 37 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ бо минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб шинос шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8734 нафар зиёд мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд