НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Файзобод 147 иншоот бунёд мегарданд
ФАЙЗОБОД, 08.008.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бунёди 147 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз 52 иншоот ба истифода дода шудааст. Дар 95 иншооти боқимонда, аз қабили бинои комиссариати ҳарбии ноҳия, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод ва бинои шуъбаи маориф корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Ин матлаб зимни нишасти матбуотии ноҳияи Файзобод баён гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иброз шуд, ки дар шаш моҳи соли 2023 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин гардида, ба буҷети ноҳия дар қисми даромад бо дарназардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 40 миллиону 139 ҳазор сомонӣ 42 миллиону 351,3 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 55 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 адад кам мебошад. Ошкоршавии ҷиноят дар ноҳияи Файзобод 93,2 фоизро ташкил медиҳад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






