НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Файзобод 147 иншоот бунёд мегарданд

Август 8, 2023 14:05

ФАЙЗОБОД, 08.008.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи ҷашни  35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бунёди 147 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз 52 иншоот  ба истифода дода шудааст. Дар 95 иншооти боқимонда, аз қабили бинои комиссариати ҳарбии ноҳия, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод ва бинои шуъбаи маориф корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Ин матлаб  зимни нишасти матбуотии ноҳияи Файзобод баён гардид.

Дар нишасти матбуотӣ иброз шуд, ки дар шаш моҳи соли 2023 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин  гардида, ба буҷети ноҳия дар қисми даромад бо дарназардошти  маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 40 миллиону 139 ҳазор сомонӣ   42 миллиону 351,3  ҳазор сомонӣ  ворид шуд,  ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 55 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 адад кам мебошад. Ошкоршавии ҷиноят дар ноҳияи Файзобод 93,2 фоизро ташкил медиҳад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст