НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба манфиати давлат 31,8 млн сомонӣ маблағ рӯёнида шуд, ки 21,6 млн сомонӣ зиёд аст

Август 5, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 492  мавод,  арз ва муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро оид ба таъмини иҷрои  санадҳои судӣ ва санадҳои  дигар  мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд, — изҳор дошт Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар нишасти матбуотӣ, ки 4 август бо ҳузури хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Барно Саидвализода, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 16 043 ҳуҷҷати иҷро ё 78,5 % (2022 – 76%) ба маблағи 62,8 млн сомонӣ, 142,2 ҳазор доллари ИМА, 146 рубли Федератсияи Русия ва 13,3 млн рубли Ҷумҳурии Беларус таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷрои воқеӣ аз рӯи шумора 2,5% ва аз рӯи маблағҳои рӯёнида  30,5 млн сомонӣ ва дигар асъори хориҷӣ зиёд ситонида шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, аз ин шумора ба манфиати давлат 10 580 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, 31,8 млн сомонӣ (2022-10,2 млн сомонӣ) ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 280 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 24,1 млн сомонӣ, 68,1 ҳазор доллари ИМА, 13,3 млн рубли Ҷумҳурии Беларус ва 146 рубли Федератсияи Русия рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ба манфиати шахсони воқеӣ 167 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 6,5 млн сомонӣ ва 74,1 ҳазор доллари ИМА рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 198,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

А. САНГЗОДА
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд