НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба манфиати давлат 31,8 млн сомонӣ маблағ рӯёнида шуд, ки 21,6 млн сомонӣ зиёд аст
ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 492 мавод, арз ва муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд, — изҳор дошт Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар нишасти матбуотӣ, ки 4 август бо ҳузури хабарнигорони ВАО-и ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Барно Саидвализода, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 16 043 ҳуҷҷати иҷро ё 78,5 % (2022 – 76%) ба маблағи 62,8 млн сомонӣ, 142,2 ҳазор доллари ИМА, 146 рубли Федератсияи Русия ва 13,3 млн рубли Ҷумҳурии Беларус таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷрои воқеӣ аз рӯи шумора 2,5% ва аз рӯи маблағҳои рӯёнида 30,5 млн сомонӣ ва дигар асъори хориҷӣ зиёд ситонида шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, аз ин шумора ба манфиати давлат 10 580 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, 31,8 млн сомонӣ (2022-10,2 млн сомонӣ) ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 280 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 24,1 млн сомонӣ, 68,1 ҳазор доллари ИМА, 13,3 млн рубли Ҷумҳурии Беларус ва 146 рубли Федератсияи Русия рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ба манфиати шахсони воқеӣ 167 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 6,5 млн сомонӣ ва 74,1 ҳазор доллари ИМА рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 198,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
А. САНГЗОДА
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад






