НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маоши омӯзгорон 20 фоиз баланд гардид

Август 11, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июли соли равон Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби суратҳисоби махсуси худ маоши муаллимонро 20 фоиз зиёд намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи мазкур Рустам Ғаниев ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

«Ин тасмим дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат дар мавриди аз 1 июли соли 2023 зиёд намудани маош, нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон гирифта шуда, инчунин бо қарори Раёсати Филиал барои дифои рисолаҳои номзадӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва барои рисолаи докторӣ 20 ҳазор сомонӣ ҳавасмандӣ муқаррар шудааст», — гуфт Рустам Ғаниев.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 29 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд, ки 6,4% аз теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳанд. Ин донишҷӯён асосан аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.

«Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиал рушди содироти хизматрасонии таълимӣ мебошад, ки дар доираи он зиёдкунии пайдарҳами миқдори донишҷӯёни хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст»,- гуфт Рустам Ғаниев.

Тазаккур дода шуд, ки дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе татбиқи 2 лоиҳа ба маблағи умумии 152 000 сомонӣ амалӣ шуда истодааст: «Тадқиқоти физикӣ–химиявии маъданҳои кианит–силлиманитдори кони Шоҳдара дар Помири ҷанубу ғарбӣ ва коркарди тарзҳои аз нав коркардкунӣ бо роҳи бойгардонӣ, дамкунӣ ва таҷзияи оксигенӣ барои ба даст овардани сиёҳхок ва дигар маъданҳои фоиданок» ва «Омодагии омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти инноватсионӣ дар шароити Имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ (ИМД)».

Гуфта шуд, ки яке аз вазифаҳои филиал дар доираи низоми таҳсилоти байналмилалӣ таълим додани забони русӣ мебошад. Аз соли 2014 инҷониб дар назди Филиал Маркази локалии омодагӣ ва тестии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия ба ин марказ муроҷиат мекунанд. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби марказ 20 сессияи санҷишӣ гузаронида ва 103 шартнома баста шуд, ки дар натиҷа 91 нафар аз санҷиш гузаштанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»