НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нақшаи андоз барзиёд иҷро гардидааст
ШАМСИДДИНИ ШОҲИН, 14.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Зафар Гулзода изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли равон нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 131,8 фоиз таъмин ва ба буҷет 12,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша беш аз 3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Иҷрои нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 4 миллиону 875 ҳазор сомонӣ ё баробар ба 104 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1 миллиону 390 ҳазор сомонӣ, баробар ба 101 фоизи нақшаро ташкил дод.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи сипаришуда аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба буҷети ноҳия 378 ҳазору 300 сомонӣ андоз пардохт гардидааст.
Кормандони Нозироти андози ноҳия дар ин давра ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои қарзи андоз дар байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Дар натиҷа қарзи андоз ба маблағи 57,9 ҳазор сомонӣ кам гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 23 миллиону 450 ҳазору 879 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 468 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардиданд, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд. Музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ дар ин самт вуҷуд надорад.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






