НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Бӯстон давоми ним сол 6 корхонаи нави саноатӣ зиёд гардид

Август 4, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи  Солҳои рушди саноат (2022-2026) теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар  шаҳри Бӯстон ба 52 адад расонида шуд. Ин нуктаро  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Нигорахон Ғаффорзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти хизматрасонии пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 309,6 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 миллион сомонӣ зиёд буда, 102 фоизро ташкил дод.

Аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр маҳсулот, ба монанди орд, сабӯс, равғани растанӣ, оби маъданӣ,  консерваҳо,  нӯшокиҳои бе спирт, рехтаи пӯлодӣ, қубурҳои азбестӣ, қубурҳои пластикӣ арматураи сохтмонӣ, халтаҳои полиэтиленӣ, қоғази ташноб, мех ва мехи печон, сангҳои ороишӣ, ранги сохтмонӣ, маҳсулоти заргарӣ ва ғайра истеҳсол мешаванд.

Дар ин давра дар шаҳр аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда ва ташкили ҷойҳои кории нав тадбирҳо андешида шуда, давоми шашмоҳаи аввали соли 2023  6 корхонаи нави саноатӣ зиёд гардид.

АКС аз бойгонӣ

Август 4, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем